Зиндагӣ бо муҳаббат зебост
Ин унвони чорабиние буд, ки дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар доираи “16 рӯзи алайҳи хушунат” доир гардид. Ташаббуси мазкур дар ҳошияи тақвияти барномаи давлатӣ оид ба “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” барои солҳои 2014-2023 ба роҳ монда шуд.
Аз ҷониби омӯзгорон перомуни хушунат, омилҳои гирифторшавӣ ба ин зуҳурот ва роҳҳои пешгирӣ аз он маърӯзаҳо шунида шуданд.
Таъкид гардид, ки зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси паймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмони ё зарар ба саломатии ӯ мегардад.
Дар тақвияти маърӯза таҳти унвони “Созиши оила” ва кӯмаки равоншиносону кормандони марказҳои ёрирани ҷамъиятӣ навор ба намоиш гузошта шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил