​Паёми Пешвои миллат - ҳидоятгари фардои дурахшон

Нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зимни чорабинӣ, ки бо иқдоми устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ дар факултети математика доир гардид, шарҳ дода шуд.

Гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои зиндагии шоистаи сокинони кишвар буда, бояд ҳамчун дастури созанда дар меҳвари фаъолият ва зиндагии шаҳрвандон қарор гирад.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён дар мавзуъҳои “Паём - қутбнамои ҷомеа", "Паёми Пешвои миллат - роҳнамои ҷомеа" ва "Паём - ҳидоятгари халқу миллат" маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.

Декани факултети математика дотсент Дилшодҷон Музаффаров оид ба аҳамияти Паём дар зиндагии сокинони кишвар ибрози назар намуда, ҷиҳати татбиқи самараноки он иштирокдорони чорабиниро ҳидоят намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ