​Ҷамшед Ҷӯразода: Иттиҳод будан зери ливои бахту саодат кафили нусрату хушрӯзиҳост.

Имрӯз 24-уми ноябр, дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Парчам ва худшиносии миллӣ” баргузор гардид.

Дар ибтидо, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, баён дошт, ки дар душвортарин марҳилаҳои таърих қабули Конститутсия, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваста, ҳар яке вазифаҳои муҳимеро дар бунёди давлату сарҷамъии миллат адо намуданд. Бешак, қабули муқаддасоти давлативу миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ нерӯву тавоне буд барои мардуми кишвар, ки бар ноҷуриҳои замон муттаҳидона дастболо гарданд ва зиндагии ободу шоистаеро, ки имрӯз доранд, соҳиб шаванд. Дар ҳамаи ин марҳилаҳои ҳассоси таърих Парчами давлатӣ мардумро ба сӯи нусрату зафар ҳидоятгар буд.

Ҷамшед Ҷӯразода дар идома доир ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва суботи сиёсии кишвар ибрози назар намуда, гуфт, ки моҳияти таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатӣ дар баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии ҷомеа ва хусусан ҷавонон ифода меёбад. Зери ливои бахту саодат муттаҳид ва аз пойдории Истиқлол ва Ваҳдати миллат ҳамеша пуштибон будан кафили саодату хушрӯзиҳои халқ мебошад.

Баъдан, устодони донишгоҳ дар мавзӯъҳои “Аз таърихи парчамдории тоҷикон”, “Таърихи қабули Парчами давлатӣ дар давраи соҳибистиқлолии тоҷикон”, “Аҳамияти Парчами миллӣ дар ташаккули андешаи миллии халқи тоҷик”, “Парчами миллӣ-ифодагари “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди ориётабор”, “Парчам нишони фарҳанги миллӣ” баромад, ва дар ин замина, табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ