​Сайёҳӣ: имконият ва заминаҳои нави ҳамкорӣ

Дар факултети геоэкология дар мавзӯи “Сайёҳӣ: имконият ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки соҳаи сайёҳӣ дар арсаи ҷаҳон манбаи ғанӣ гардонидани буҷет ва омили муҳими беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум буда, дар рушди иқтисодии кишварҳо нақши муҳим мебозад.

Зимни ироаи маърӯзаҳо зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ин асно тарбияи мутахасисони баландихтисоси соҳаи сайёҳиро яке аз омили ниҳоят муҳим дар мавриди таҳкими рушди соҳаи сайёҳии мамлакат унвон намуданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ омода намудани мутахассисон, донандагони забон, фарҳанг, таърих ва технологияҳои муосир, тақвияти нерӯи инсонӣ, аз ҷумла идоракунии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, роҳбаладон, тарҷумонҳо ва маркетологҳо дар сатҳи байналмилалӣ зарур аст.

Ҳамзамон, донишҷӯёни ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат дар маърӯзаҳои худ доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди сайёҳии дохилӣ маълумот доданд.

Бо табодули афкор ба кори мизи мудаввар анҷом бахшида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ