​Роҳёбии 6 донишҷӯ ба даври ниҳоии озмун оид ба муқаррар намудани стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд

Имрӯз 23-юми декабр, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳӣ барои иштироки довталабон дар озмун оид ба муқаррар намудани стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.

Дар озмун Аюбҷон Усмонов - муовини ректор оид ба тарбия, Хайёмиддин Исмоилов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Боҳирҷон Раҷабов – сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, Исмоилҷон Маҳмудов - сармутахассиси раёсати таълим иштирок ва ба тайёрии донишҷӯён баҳогузорӣ намуданд.

Дар натиҷа, 6 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои ширкат ба даври ниҳоии озмуни мавриди зикр роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ