​Фестивали “Атласу адрас-2021” дар факултети иқтисодӣ

Фестивали «Атласу адрас - 2021» дар факултети иқтисодӣ бо иштироки донишҷӯёни соли якум баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани худшиносии ҷавонон унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмун муовини ректор оид ба тарбия профессор Усмонов Аюбҷон иштирок намуда, ин ташаббусро ҷиҳати мубориза бо бегонапарастӣ ва гароиш ба фарҳанги бегона иқдоми судманд таъкид дошт.

Дар доираи фестивал аз ҷониби донишҷӯён намоиши либоси атласу адрас ба роҳ монда шуда, шеърҳо қироат ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ