Ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гашт

Натиҷагирӣ аз сатҳу сифат ва раванди таълиму тарбия дар факултети иқтисодӣ яке аз масъалаҳои асосии ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Дар ҷаласа баробари дастовардҳои факултет аз мушкилот низ ёдовар шуда, роҳи ҳалли онҳо муҳокима ва баён гардиданд.

Раиси гурӯҳи корӣ Муқаддас Дадоҷонова оид ба беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионии факултет гузориш дода, таъкид кард, ки инҷо аз рӯи 8 ихтисос ба 1184 нафар донишҷӯён дар шуъбаирӯзона ва 1726 нафар дар шуъбаи таҳсилоти ғоибона ба таълим фаро гирифта шудаанд. Бино ба гузориши гурӯҳи корӣ дар факултет ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чораҳои мушаххас амалӣ карда, имконоту шароити муосири таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дастовардҳои устодони факулта низ назаррасанд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, ки барои беҳбуди вазъи интизом дар факултет чора андешида, ба фаъолияти тарбиявӣ тақвият бахшанд. Ректори донишгоҳ масъулини садорати факултетро вазифадор кард, ки дар раванди машғулиятҳои таълимӣ аз усули нави таълим (салоҳиятнокӣ), методҳо ва технологияҳои нав васеъ истифода баранд, ҷиҳатииштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳо, озмунҳо, намоишҳо ва соҳиб гаштан ба дастовардҳои назаррас тадбирҳои амалӣ андешанд. Гузаронидани мониторинг оид ба рисолаи хатм, ба роҳ мондани такмили ихтисос ба таври онлайнӣ, назорати раванди таҷрибаомӯзӣ, боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ба беҳбудии сатҳи таълиму тарбия мусоидат мекунанд, таъкид шуд дар ҷаласаи шӯро.

Мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев дар гузоришаш, ки вазъи иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кафедра ва факултетҳои донишгоҳро дар бар мегирифт, ироа кард. Маърӯзачӣ аз тадбиру чорабиниҳо, ки дар самти татбиқи қонунҳои мазкур амалӣ гардиданд, ёдовар гардид. Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ таъкид кард, ки чорабиниҳо бояд ҳадафрасу бо усули таъсирбахш ва муосир гузаронида шуда, дар такя ба фарҳангу таърих ва ҷанбаҳои илмӣ ташкилу гузаронида шаванд.

Оид ба беҳдошти сатҳу сифати рисолаҳои хатм, дипломӣ, магистрӣ ва вазъи риояи Низомномаи рисолаи тахассусии хатм дар кафедраҳои донишгоҳ раиси гурӯҳи корӣ Дилором Саидова гузориш дод.

Таъкид гардид, ки ҳимояи намунавии рисолаҳои илмӣ ва ба тариқи онлайнӣ гузаронидани онҳо ба манфиати кор ва тақозои замон аст.Ҳамчунин, аз устодон ва масъулини соҳа талаб карда шуд, ки ба таҳлили рисолаҳои хатм эътибори хосса зоҳир кунанд. Тибқи дастури роҳбарияти донишгоҳ минбаъд намунаи рисолаҳои беҳтарин дар сомонаи донишгоҳ низ дарҷ мегардад.

Роҳбарони илмии аспирантон ва докторантони PhD Ҳусейн Зайтметов, Абдуваҳҳоб Ваҳҳобов аз раванди корҳои илмӣ тадқиқотии мутахассисони ҷавон ҳисобот доданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ