​Донишҷӯён аз осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд

Донишҷӯёни соли аввали факултети забонҳои шарқ аз осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд. Ин иқдом ҷиҳати васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён ва шиносоӣ бо таърихи Суғдзамин ба роҳ монда шуд.

Ба донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи таърихии вилоятии Суғд давоми беш аз як аср инҷониб мероси барҷомондаи вилоят ва шаҳри Хуҷандро бешикасту рехт ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад.

Феълан осорхонаи мазкур аз панҷ шуъба иборат буда, ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро қабул мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ