​Семинар-машварат дар факултети забонҳои шарқ

Бо иштироки хатмкунандагони факултети забонҳои шарқ семинар-машварат баргузор гардид. Ин ташаббус дар партави дастури ректори донишгоҳ ҷиҳати шинос намудани донишҷӯён бо низомномаи таҳияи рисолаи хатм роҳандозӣ шуд.

Дар доираи семинар-машварат ба хатмкунандагон оид ба сохтор, ҳаҷм, қоидаҳои навишатани рисолаи хатм, уҳдадориҳои роҳбару донишҷӯ маълумоти муффасал дода шуд.

Ҳамзамон, устодони кафедра дар мавзӯъҳои “Қоидаҳои тартиби рӯйхати адабиёт”, “Усули таҳқиқоти илмӣ” ва “Иқтибос вақоидаҳои истифодаи он” маърӯза намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ