​Беҳтар шудани раванди таълим ва шароити мусоиди таҳсил дар донишгоҳ

Имрӯз 11-уми декабр, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни таълим ва корҳои ободонӣ, омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021 ва чораҳои андешидашудаи санитарӣ-гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбии устодону донишҷӯён ба бемории коронавирус аз факултетҳои филологияи ӯзбек, тарбияи ҷисмонӣ ва геоэкология боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни боздид, ректори донишгоҳ ба машғулиятҳои таълимӣ иштирок ва бо устодону донишҷӯён суҳбат карда, онҳоро ба илмомӯзӣ, иштироки фаъол дар машғулиятҳо, эҷодкориву навоварӣ даъват намуд.

Ҷамшед Ҷӯразода пас аз иштирок ба машғулиятҳои таълимӣ ба масъулин дастур дод, ки минбаъд барои боз ҳам самаранок омӯзонидани маводи таълимӣ ба донишҷӯён, сатҳу сифати кори курсӣ ва дипломӣ, ва дар ин замина, ташаккули нерӯи зеҳнӣ, маҳорат ва малакаи онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Маводи таълимиро бо назардошти талаботи барномаи фаннӣ таҳия намуда, ба моҳияти тарбиявии дарс, муаммогузорӣ дар дарс, пайдарпайӣ ва системанокӣ, алоқаи назария бо амалия ва дигар роҳҳои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия аҳамияти махсус равона намоянд.

Инчунин, аз омӯзгорони соҳибтаҷриба даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати таҳияи маводи илмии таълимӣ ва таҷдиди мазмун ва мундариҷаи таълими онҳо аз нуқтаи назари илмӣ, амалӣ ва методӣ фаъолияти хешро ҷоннок намуда бошанд.

Дар навбати худ устодони донишгоҳ баён намуданд, ки донишу малака ва таҷрибаи андӯхтаи хешро баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва тарбияи онҳо бо риояи дастурамали тавсиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус равона менамоянд. Инчунини ҷиҳати таъмини давомоти донишҷӯён ба дарс, қайди саривақтии беморон, риояи сару либоси тавсиявӣ, интизом ва ҳолати санитарию эпидемологӣ чораҳои иловагӣ ва мақсаднокро роҳандозӣ манамоянд.

Илова бар ин, роҳбарияти донишгоҳ бо фаъолияти лабораторияҳои таълимӣ ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ низ аз наздик ошно гардид. Аз ҷониби масъулин иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати таъсиси синфхонаи нави имтиҳонсупорӣ бо 40 ҷойи нишаст, таъмини ҳуҷраҳои имтиҳонсупорӣ бо гармӣ чораҳои иловагӣ андешида шуда, баҳри гузаронидани сессияи зимистонаи дарпешистода, ки аз 21-уми декабри соли равон огғоз меёбад, шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ