Лоиҳаи рушди тафаккури интиқодӣ дар ҳамкорӣ бо “Бунёди Мадад” амалӣ мешавад

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба Ташкилоти Ҷамъиятии Кушодаи “Бунёди Мадад“ дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба масоили рушди тафаккури интиқодӣ байни омӯзгорон ва донишҷӯён бо роҳи ташкилва ҷорӣ намудани курси махсуси омӯзиши тафакури интиқодӣ дар ҷараёни таълимро пешниҳод карда буд.

Хушбахтона лоиҳа оид ба масоили рушди тафаккури интиқодӣ байни омӯзгорон ва донишҷӯён бо роҳи ташкилва ҷорӣ намудани курси махсуси омӯзиши тафакури интиқодӣ дар ҷараёни таълимро комиссияи экспертии Фонди кушодаи “Бунёди Мадад” дар Тоҷикистон дастгирӣ намуд ва он аз оғози соли 2021 бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ амалӣ мешавад.

Мақсади асосии лоиҳа ҷустуҷӯи роҳҳо ва механизмҳои инкишоф ва ташаккули принсипҳои тафаккури интиқодӣ бо роҳи тайёр намудани мутахассисони соҳаи мазкур ва баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон маҳсуб меёбад.

Барои иҷрои ин мақсад ташкил ва гузаронидани 2 семинари як ҳафтаина барои 20 омӯзгори ҷавони донишгоҳ дар назар дошта шудааст, ки онҳо дар оянда мутахассисони соҳаи тафаккури интиқодӣ дар факултетҳо мегарданд. Ҳамчунин мутобиқи нақшаи лоиҳа дар яке аз факултетҳои донишгоҳ маркази педагогикаи инноватсионӣ ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти техникии замонавӣ ҷиҳозонида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ