​Идомаи “Навои ҷавонӣ-2021”

Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2021” бо иштироки дастаҳои факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, таърих ва ҳуқуқ, санъати тасвирӣ ва технология ба кори худ идома намуд. Ин навбат низ иштирокчиён аз рӯйи номинаҳои “Баромади ровиҳо”, “Навозиши умумӣ ё якка”, “Рақси якка”, “Бадеҳахонӣ”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” барои ғолибият мубориза бурданд.

Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ иштирокчиёни фестивалро бо шарт ва тартиботи баргузории ин чорабинӣ шинос намуд. Номбурда таъкид дошт, ки ҷиҳати шаффоф ҷамъбаст шудани фестивал тамоми чораҳо андешида шуда, дар ин самт ба ҳайси ҳайати ҳакамон беҳтарин мутаххасисон ҷалб карда шудаанд.


Бино ба иттилои Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ нимаи дуюми рӯз дар фестивали мазкур дастаҳои факултаҳои филологияи тоҷик ва телекоммуникатсия ва ТИ низ маҳоратсанҷӣ намуданд.

Хотиррасон мекунем, ки фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2021” чорабинии умумидонишгоҳӣ буда, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон шудааст.

Гуфта мешавад, ки ғолибон бо диплом ва туҳфа қадршиносӣ мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ