​“Баҳори дониш” донишҷӯёни китобдӯстро мутаҳҳид намуд

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти тоҷик маҳфили илмӣ-адабии “Баҳори дониш” доир гардид. Дар доираи маҳфил романи “Занони сабзбаҳор”-и Гулрухсор мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.

Мудири кафедра дотсент Шарипова Муътабар ҳадаф аз маҳфили мазкурро дар бедор намудани завқи китобхониву китобдӯстӣдар байни донишҷӯён унвон намуда, ташаббуси мазкурро заминаи муҳим барои тайёр намудани донишҷӯён ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” маънидод кард.

Аз тарафи донишҷӯён бо истифода аз муаррифӣ доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Гулрухсор Сафиева маърӯза ироа гардид.

Ҳамзамон, донишҷӯён муҳтавои романи болозикрро баррасӣ ва байни ҳам табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ