Семинар: «Мақола: моҳият, сохтор ва услуби навиштани он»
Бахшида ба ҳафтаи илм дар факултети таърих ва ҳуқуқ семинари илмӣ-методӣ таҳти унвони «Мақола: моҳият, сохтор ва услуби навиштани он» бо ширкати устодон, унвонҷўён, аспирантон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён баргузор гашт.
Дар машварат мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳӣ, дотсент Мутриба Мавлонова ширкат варзида, ташкили чунин семинари омӯзиширо зарур ва саривақтӣ арзёбӣ карда, зикр дошт, ки он дар ташаккули маҳорати илмии донишҷӯён нақши муассир мегузорад.
Сипас, декани факултети таърих ва ҳуқуқ Иброҳим Ҷабборов роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти мавзӯи баррасишавандаи машварат ҳарф зад. Мудири кафедраи таърихи Ватан ва археология дотсент Исомитдинов маъруза намуда, оид ба роҳу усулҳои интихоби мавзӯъ, сохтор ва тарзи нигориш, истифодаи санаду далел ва иқтибосҳо, методҳои тадқиқот маълумоти муфассал ироа намуд.
Баъдан байни иштирокдорон доир ба ҷанбаҳои нигориши мақола ва шахсияти нигоранда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил