​Табрикоти ректори донишгоҳ ба ҷомеаи бонувони 17 факултет расонида шуд

Ҷомеаи бонувони факултетҳои донишгоҳро аз номи ректори донишгоҳ муовинони ректор ба муносибати Рӯзи модарон табрик гуфтанд.

Ин ташаббуси нек ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба хидматҳои бонувон дар партави дастури ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар тамоми факултетҳои донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

Зимни ироаи номаи табрикотии ректори донишгоҳ зикр гардид, ки дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми онҳо хусусан, дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави дастуру супоришоти Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таҳкими мақоми занону бонувон дар ҷомеа пайваста иқдом карда, дар самти дастгириву ғамхории намояндагони ин қишри пешбари ҷомеа аз тамоми имконият истифода мебарад.

Ба ҳайати кормандон-бонувони факултетҳои донишгоҳ таманниёти наҷиби роҳбарияти донишгоҳ расонида ва умед шуд, ки бонувони донишгоҳ минбаъд низ бо ташаббусҳои тоза, ибтикороти навин ва нишон додани масъулиятшиносии баланд ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илми кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.

Ҳамзамон, ба як қатор омӯзгорон, бонувони фаъолу ташаббускор сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки феълан аз шумораи умумии кормандони донишгоҳ 783 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда ба 55,6%-и теъдоди умумии ҳайати кормандон баробар мебошад. Аз ҷумла, 8 нафар занон дар вазифаи профессор, 122 нафар номзади илм, дотсент, 143 нафар сармуаллима, 165 нафар муаллима фаъолият доранд.

Илова бар ин, сол аз сол сафи номзадҳои илм дар донишгоҳ афзуда истодаанд, ки аксарият аз ҳисоби занону бонувон мебошад. Чунончи, соли 2020 дар донишгоҳ аз 33 рисолаи номзадии ҳимояшуда 21 адад ё 63 %-и онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин аз фаъолнокии занону бонувон ва рушди илм дар донишгоҳ дарак медиҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ