​Семинари омӯзишӣ: омӯзгорон сабти дарсҳои видеоиро ба роҳ мемонанд

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика ҷиҳати омӯзиши тарзи сабти дарсҳои видеоӣ семинари омӯзишӣ доир гардид. Ин навбат ба омӯзиш омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ фаро гирифта шуданд.

Дар доираи семинар усулҳои сабти дарсҳои видеоӣ баррасӣ шуда, майлонҳои нави технологияҳои муосир омӯзонида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин семинар дар тамоми кафедраҳои факултет ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ