Паёми Пешвои миллат – асоси рушди босуботи кишвар ва зиндагии шоистаи мардуми халқи тоҷик

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле пурмӯҳтаво, фарогири таҳлили амиқу дақиқи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мансуб ёфт. Пешвои миллат дар оғози суханонашон доири вазнину душвор омадани соли 2020, яъне паҳншавӣ ва сироятёбии мардум ба бемории COVID-19зикр намуда, оқибатҳои онро мавриди таҳлил қарор доданд. Пешвои миллат оиди рушди соҳаи илму маорифи кишвар, бахусус рушди ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷии русиву англисӣ ва технологияи иттилоотӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, озмунҳои байни толибилмон таҳти унвони “Илм дар соҳаи маориф”-ро назари андеша намуда,пешниҳод намуданд. Вазъи зисти ятимону бепарастон ва кӯдакони маъюб чун ҳамеша дар мадди аввали назари Пешвои миллат аст, дар ин Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат оиди ғамхорӣ ба онҳо инчунин бунёди мактаб интернатҳои бошукӯҳ барои таълиму зисти онҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе зикр намуданд.

Президенти кишвар доир ба эътибори ҷиддӣ зоҳир намудан ба соҳаи кишоварзӣ, кишти зироатҳои аввалиндараҷа, сабуки додан ба кишоварзон деҳқонон пешниҳодҳои ҷолиб намуда,барои дар соли 2021 озод намудани онҳо аз андозро зикр намуданд. Пешвои миллат заҳмати занону бонувонро дар пешрафти ҳамами соҳаҳои хоҷагии халқ бамаврид зикр намуданд. Бо баробари ин Пешвои миллат дар суханрониашон дар бораи дар соли 2020 бунёд намудани зиёда аз 150 муассисаҳои таълимиву томактабӣ ва зиёда аз 100 муассисаҳои тиббию муолиҷавӣ зикр намуда изҳор доштанд,ки бояд барои сифатан беҳтар намудани фаъолият дар ин муассисаҳо фароҳам оварданим шароитҳои мусоид тайёр кардани кадрҳои ҷавон дар соҳаи илму маориф андешаронӣ намуданд. Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ба тамоми мардуми кишварамон аз ҷумла, раисони ноҳияву шаҳрҳо муроҷиат намудаҳамагонро даъват намуданд, ки барои ободии кишвари маҳбубамон ва беҳбудии вазъи зиндагонии мардум ва рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро вазифаи аввалиндариҷа бояд ҳисобид.

Устодони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ