​Афзоиши аъзои китобхонаи донишгоҳ

Шуруъ аз оғози соли нави таҳсил ба Китобхонаи марказии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 1769 нафар аъзои нав қабул шудаанд. Дар ин бора ба Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ Дилбар Самадова, директори китобхона иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, аз ин шумора 1706 нафарро донишҷӯён ташкил дода, ҷиҳати таъмини хизматрасониҳои босифат ва самаранок ба муштариён дар китобхонаи марказии донишгоҳ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Бино ба иттилои директори Китобхонаи марказии донишгоҳ ҳамарӯза беш аз 100нафар аз хизматрасонӣ ва имкониятҳои китобхона истифодабурда, шумораи аъзоён рӯ ба афзоиш дорад.

Танҳо давоми соли ҷорӣ ба китобхона 785 номгў китоб ворид шудааст, ки 10781 ададро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ, махзани Китобхонаи марказии донишгоҳ наздик 300 ҳазор адад китобро ташкил медиҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ