​Конфронс: Ироаи 12 маърӯзаи илмӣ дар факултети забонҳои шарқ

Дар факултети забонҳои шарқ конфронси илмӣ-анаъанавии магистрантон ва докторантон дар бахши типологияизабонҳо баргузор шуд. Иқдоми мазкур дар доираи ҳафтаи илм дар донишгоҳ ва Рӯзи илми тоҷик амалӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар конфронс 12 маърӯза ироа гардид. Аз ҷумла, аз ҷониби магистрантон ва докторантон дар мавзуъҳои “Истифодаи пайвандаки “ки” дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ”, “Зарбулмасалҳо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ магистранти соли аввал”, “Аз таърихи фарҳангнигории дузабонаи арабӣ ва тоҷикӣ (форсӣ)”, “Иероглифҳои забони хитойӣ аз мураккаб то соддабаёнӣ” ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирфт.

Ҳамзамон, бурду бохти маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби устодон муҳокима гардида, ба магистрантон ва докторантон ҷиҳати пешбурди фаъолияти илмӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ