Маърифати экологӣ – заминаи рушди фарҳанг
Дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Роҳҳои беҳтар намудани маърифати экологии аҳолӣ” баргузор гашт.
Конфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Сабуров ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки заминаи асосии рушди маънавиёти ҳар як фард вобаста ба маърифат ва ҷаҳонбинии ӯст. Аз ин лиҳоз, дар баробари дигар самтҳои фаъолият ҳар як инсонро мебояд дар баланд бардоштани сифати ҳаёти худ ва ғамхорӣ нисбат ба табиат таъмин талош намоянд. Бино ба зикри номбурда, тарбия ва маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ оғоз ва ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, саҳми устодон баҳри такмил бахшидани маърифати экологии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ва татбиқи санадҳои ҳуқуқии дахлдори соҳа бориз мебошад.
Сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Хуршед Саидов дар мавзӯи “Мавқеи маърифати экологии аҳолӣ дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда, доир ба татбирҳои андешидаи давлату ҳукумати кишвар баҳри баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон сухан намуд.
Баъдан, устодони донишгоҳ доир ба масоили “Роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ”, “Тарбия ва маърифати экологӣ – заминаи рушди фарҳанги ҷомеа”, “Тарбияи экологии хонандагон дар раванди машғулият дар гӯшаи “ табиати зинда” баромад карда, доир ба роҳҳои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон диду назари хешро баён карданд. Ҳамчунин, китоби таълимии дотсент Ю. Р. Толибов таҳти унвони “Маърифат ва тарбияи экологӣ” рӯнамо ва дар ин замина табодули назар сурат гирифт.
Зикр гардид, ки конференсияи илмӣ-амалии мазкур баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, таъмини иҷрои талаботи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, Барномаи давлатии комплексии рушди маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонто солҳои 2020-ум роҳандозӣ гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил