​Хиёнат ба Ватан - хиёнат ба падару модар аст!

Бо меҳнат аз роҳи ҳалол ҷўёи ризқ шудан иродаи мардӣ ва ҷаҳду талоши доимӣ мехоҳад. Зиёд ба чашм мерасад, ки инсонҳо маҳз барои пайдо намудани маблағ ва таъмини оилаи худ даст ба дуздию ғоратгарӣ, қаллобию одамфиребӣ, қатлу куштор ва даҳҳо ҷинояти дигар мезананд. Ҳар кас, ки ба ин амалҳо даст зад пастфитраттарини мавҷудоти рўи замин аст. Баъзе афрод бо афкори авомфиребонаи худ даст бар кирдори ношоями инсонӣ зада, ба оилаи худ, ба ҷамъияти худ ва давлати худ такя ба "хоҷагони хориҷааш" карда, ХИЁНАТ мекунанд.

ТТЭ ҲНИ ва гурўҳу созмонҳои дигари ҳаммаслаки он аз қабили он ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки бо иттилои ғаразонаи хеш тариқишабакаву сомонаҳои бесомони худ омилҳои муташанниҷро дар ҷомеаи мо, ки айни ҳол сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ҳанўз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳо намефаҳманд ва дарк намекунанд, ки бори каҷ ба манзил нахоҳад расид.

Вақте ки хиёнат мегўем, дар пешорўямон оинаҳои тозаву пурҷилое шабеҳи эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дўстиву рафоқат пора-пора мешаванд ва ҷои онро нафрату кина мегирад. Ва бешак, дар он девор амали афроде падид меояд, ки баҳри луқмаи ноне, ки як зани муштипар низ метавонад бо меҳнату заҳмат ва арақи ҷабин пайдо кунад, бузургтарин муқаддасот, ноёбтарин неъмат, онеро, ки миллионҳо дар ҳасрати як мушт хокашанд, ганҷинае, ки аз азал дар васфи бузургиаш шеъру тарона, чангу фасона ва суруду достон сароиданду иншо карданд ва ҳоло ҳам кам аст, ВАТАН-ро мефурўшанд. Оре, хонанда, ё бинанда, ё шояд шунавандаи арҷманд, танҳо барои як бурда нон. Ноне, ки бо роҳи иғво ва дасиса ба даст омадааст.

Бояд гуфт, ки имрўз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекўбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегўянд. Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гўё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Лаб ки во кунанд, аз ватан мегўянду аз муқаддас будани он. Ба минбар, ки баромаданд нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри хифзи он зинда шудан мехоҳанд. Аммо бехабар аз он ки дигар мардумро фиребу найранг дода наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандўст аз ҷониби хоин чӣ гуна пазируфта мешавад. Аммо то фукашон дар равған расидану гулў тар кардан маҷбуранд, ки нақшро давом диҳанд. Ба шакли дигар хоинон ба масал чун хоҷаву саг ҳастанд. Ҳар ҷо ки хоҷа нону устухон афканд ҳамон ҷониб медаванд. Онҳо доимо ба масал ба умеди омад-омади оши ҳамсоя турб метарошанд. Бехабар аз он, ки вақте фаро мерасад ва ин гуна афрод дар байни уқёнуси бузург бо киштии тагшикофи хеш умрбод боқӣ хоҳанд монд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои давлату миллати хеш эҳтиром қоил аст ва онро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳад кард. Ҳама ин тараққиёт, рушду такомул, пешрафт, ободониву созандагӣ, амнияту бехатарӣ магар аз сулҳу ваҳдат нест? Магар ин хандаи кўдакон, оромии қалби модарон ва осмони мусаффо аз тинҷӣ нест? Ин ва дигар суоли зиёде ҳаст, ки шумо якчанд тоҷикони сиёҳдил ва ё иғвоангези хориҷа, ки бо баромадҳои беасосу иғвоангези хеш байни мардум тафриқа меандозед, бояд биандешед!

Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Ватани маҳбуб - Тоҷикистони азизро ҳар як фарзанди фарзонаи миллат муқаддас медонад ва онро бо тамоми вуҷудаш ҳифз менамояд.

Меҳроби Ватан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ