​Конференсияи илмӣ-назариявӣ: баррасии саҳми олимони ҷавон дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф

Имрӯз, санаи 15 майи соли 2021 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Саҳми олимони ҷавон дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф” бо ҷалби олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ин иқдом бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсоли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардид.

Муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Усмонов Аюбҷон ҳадафи конференсияи вилоятиро шарҳ дода, ба кори конфронс ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Номбурда таъкид намуд, ки дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати олимони ҷавон торафт зиёд шуда, дар ин замина як қатор тадбирҳои судманд ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” аз зумраи чунин ташаббус аст, ки дар меҳвари он таваҷҷуҳ ба насли ояндасози кишвар қарор дорад.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим зимни суханронӣ иштирокчиёни конференсияро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, саҳми ҷавононро дар рушди кишвар шарҳ дод.




"Имрӯз аз ҷавонон ҳамчун “нерӯи пешбари ҷомеа”, қишри ояндабунёд”, “қувваи фардосоз”, “такягоҳи боэътимод”, “нерӯи фардоафрӯз”, “ояндаи миллату давлат” ном мегиранд. Ин эътимод, боварӣ ва умеди Пешвои муаззами миллат барои насли ҷавон на танҳо ифтихор аст, балки масъулият ҳам ҳаст, ки ҷиҳати сазовор будан ба ин ҳама дастгирӣ ва ғамхориҳо сӯйи ташаббускориву созандагӣ ҳидоят месозад" - зикр дошт Каримзода, сардори ҷавонони вилоят.

Ҳамзамон, тибқи барномаи конференсия аз ҷониби раиси Шӯрои олимони ҷавони вилояти Суғд, устоди ДДҲБСТ Саидзода Шуҳрат дар мавзӯи “Нигоҳи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи олимони ҷавон”, номзади илмҳои психологӣ, мудири кафедари психологияи иҷтимоӣ ва психологии донишгоҳ Зайтметов Ҳусейн дар мавзӯи “Нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ” ва Нуруллоев Хушбахт, мудири кафедари барномарезии донишгоҳ дар мавзӯи “Муаммоҳои инфиродӣ ва корҳои илмиву эҷодии олимон ва муҳаққиқон дар соҳаи илмҳои дақиқ” маърӯзаҳо шунида шуд.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён ба кори конференсия ҳусни анҷом бахшида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ