​Баргузории маҳфили “Табиатшиносони ҷавон”

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи устодони кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо маҳфили илмӣ-фарҳангӣ донишҷӯён таҳти унвони “Табиатшиносони ҷавон” ташкил ва гузаронида шуд.

Маҳфилро декани факултет Сатторбердӣ Рабиев ифтитоҳ намуда, дар заминаи даҳсолаи байналмиллалии“Об –барои рушди устувор” солҳои 2018-2028,ва ҳамзамон эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” суханронӣ намуд.

Баъдан байни устодон ва ҳайати маҳфили илмӣ-фарҳангии “Табиатшиносони ҷавон” табодули афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттиллот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ