​Дар гулистони илму маърифат

Илм – камоли одамӣ. Илм чароғи равшанест, ки ба зиндагии инсон нуру сафои зиёд мебахшад. Ҳар нафаре ки аз илм баҳраманд бошад, қалби нуронию рӯҳи қавӣ дорад ва ба атрофиён ҳамеша бо нерӯи дониш таъсири мусбат мерасонад. Маҳз тавассути илму дониш инсоният рӯз то рӯз аз кашфиётҳои наву дастовардҳои зиёд огаҳӣ ёфта, мушкилоти ҳаёти худро бартараф месозад. Дар ҷаҳон касе нест, ки аз илму дониши азбарнамудааш зараре дида бошад. Кулли адибону донишмандон, олимону мутафаккирон аз ҷумла, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода барин бузургон аз омӯхтани илму адаб ба муваффақиятҳои баланд ноил гардидаанд . Шахсоне ки илму дониши қавӣ доранд дар ҳаёт иродаи мустаҳкам доранд.

Дар доираи чорабиниҳоиилмӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровконференсияидонишҷӯён бахшида баргузор гардид.

Дар бахши донишҷӯён 12 маърӯза доир ба муаммоҳои гуногуни илми адабиётшиносӣ ва таҳқиқи масъалаҳои равоншиносию педагогӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд.

Дар қисми муҳокимаронӣ устодон оид ба мазмуну муҳтаво ва нуқсону камбудии маърӯзаҳо фикру ақоиди хешро иброз ва ғолибонро муайян намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ