Ғолибони озмуни “Олими ҷавони сол-2020” дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ муайян шуданд

Ғолибони озмуни “Олими ҷавони сол-2020” дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, ки байни муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, муайян ва қадр гаштанд.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Маликахон Саидхоҷаева – сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик мақоми аввалро касб намуда, бо медал, диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.

Ба ин тартиб мақоми дуюм насиби Анисахон Ёқубова – сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус гашта, мавқеи сеюмро Муҳаммадизода Меҳридини Боқӣ– муаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик касб намуда, бо диплому мукофоти пулӣ тақдиронида шуданд.

Хотирнишон менамоем, ки дар Озмуни байналхалқии “Беҳтарин олими ҷавон-2020”, ки дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкати фаъолона дошта, 2 нафар бо медал ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ