ДДХ бо 176 хол дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сеюмро касб намуд
Дар ин бора, Эҳсони Хушбахт - сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, зикр кардааст, ки ин натиҷагирӣ дар асоси натиҷаҳои нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 ба даст омадааст.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади иҷрои талаботи банди 17 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 августи соли 2017 зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш» ва банди 5, зербанди 12 Низомномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида шуд.
Бояд зикр намуд, ки вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва бо мақсади амалӣ намудани протоколҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави Коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ, махсусан, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муваққатан боздошта шуда буд. Бинобар ин, имконият даст надод, ки иҷрои талаботи банди 17 нақшаи чорабиниҳои дар боло зикршуда таъмин карда шавад, яъне дар нимсолаи якуми соли 2020 рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида нашуд.
Вобаста ба муътадил гаштани вазъият дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои талаботи банди 17 – ро таъмин намуд.
Дар ин асос маводи зарурӣ ҷиҳати муайян намудани рейтинг аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур, тибқи фармоиши директори Агентӣ гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби кормандони Агентӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ дар асоси маводи пешниҳодшуда аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маълумотро дар асоси нишондиҳандаҳои рейтинг таҳлил ва холгузорӣ намуданд.
Дар ин рейтинг 31 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. Таҳлили рейтинги навбатӣ нишон дод, ки бинобар сабаби бемории сироятӣ дар соли 2020 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти маърӯза дар конфронсу семинарҳои илмии байналмилалӣ, миқдори омӯзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоҳҳои хориҷи кишвар даъват шудаанд, миқдори омӯзгорони хориҷие, ки барои таълим додан ба муассисаҳои таълимӣ даъват шудаанд, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, миқдори ихтироот, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, миқдори рисолаҳои доктории ҳимояшуда, шумораи ҳайати омӯзгорони доимие, ки дар 5 моҳи охир дараҷаи илмии донишкада ва ё донишгоҳҳои хориҷи кишварро гирифтаанд, ба натиҷаҳои назаррас ноил нагаштанд.
Новобаста аз ин, таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин рейтинг дар байни муассисаҳо нисбатан рақобати шадидтар ба вуҷуд омада, дар 6 моҳи охир дар самтҳои мухталиф корро ҷоннок намудаанд.
Дар ин давра, дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вобаста ба нишондодҳо, хусусан, дар самти омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмидори доимӣ, миқдори доктори илм-профессор, ҳимоя намудани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, миқдори ташрифоварандагон дар сомонаи таълимгоҳ, мавҷудияти технопаркҳо, шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд, таъмини китобҳои дарсӣ тибқи меъёр ва номгӯи зиёди китобҳои дарсии электронӣ, мавҷудияти системаи дохилидонишгоҳии идора ва мониторинги сифати таълим, сатҳи сифати таҳсилот, шумора ва арзиши грантҳо, шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, ба ҷойи кор таъмин шудани хатмкардагон, миқдори ҷойи нишаст дар китобхонаи электронӣ ва мавҷуд будани филиали кафедраҳо дар назди дигар муассисаҳо пешравиҳо ба назар мерасад.
Дар натиҷа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сазовори ҷойи дуюм, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бо ба даст овардани холҳои баробар сазовори ҷойи сеюм гардидаанд. Роҳбарияти муассисаҳои таълимии зикргардида чун рейтингҳои қаблӣ дар муддати 6 моҳи охир дар самти миқдори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда, миқдори мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) нашршуда, миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, миқдори монографияҳои илмии чопшуда, шумораи муассиса, ташкилоту идораҳо, ки ба муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ мекунанд, такмили ихтисоси омӯзгорони доимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд ва шумораи китобҳои дарсӣ вобаста ба теъдоди донишҷӯён корҳои назаррасеро анҷом додаанд. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки муассисаҳои зикргардида аз ҳисоби омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмидор, махсусан, аз лиҳози доктори илм-профессори доимӣ ва номзади илм-дотсенти доимӣ аз шумораи умумии омӯзгорон ба меъёрҳои муайяншудаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқат менамоянд.
Чи тавре қайд карда шуд, дар ин рейтинг Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бо ба даст овардани 176 холи якхела сазовори ҷойи 3-юм, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ба даст овардани 164 холи якхела сазовори ҷойи 7-ум гардидаанд. Инчунин, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ба даст овардани 155 холи якхела сазовори ҷойи 10-ум гардиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки рақобати солим байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тайи солҳои охир собит менамояд, ки барои баланд гардидани нишондодҳои рейтингӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рақобат ба назар мерасад. Ин боис мегардад, ки дар маҷмӯъ рейтинг барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси талаботи бозори меҳнат таъсири худро расонад.