​Ҳомиёни Ватан

Чунин унвон дошт мизи мудавар, ки дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ доир гардид.

Ин иқдом ба муносибати 28 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, дар доираи он аз таърихи таъсис ва ташаккули Артиши миллӣ зикр гардид.

Бо таъкид ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд, ки имрӯз аз чеҳраи ҳар як сарбози Ватан эҳсос мегардад, ки онҳо дар дифои марзу буми аҷдодӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва, қиматтар аз ҳама, амнияти сартосарӣ ҷавонмардона хизмат намуда, баҳри якпорчагӣ ва ваҳдати комил ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт.

Аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар перомуни мавзӯи марбут ба Артиши миллӣ маърӯзаҳо ироа гардид.

Декани факултет Шарифиён Муқаддас таъкид дошт, ки имрӯз тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хизматии хешро ба роҳ монда, ҳама чун як тану ҷон баҳри ҳифзи оромию осудагӣ камари ҳиммат бастаанд.

Аз донишҷӯён даъват гардид, ки баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ