​Хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат

Таҳти ин унвон аз ҷониби донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси географияи факултети геоэкология чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд. Ташаббуси мазкур дар доираи таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ гардид.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тозаро ифтитоҳ намуда, сулҳу субот ва амнияти миллиро таъмин намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби хонандагон дар васфи Ватан, истиқлолият ва муқаддасоти давлатӣ шеърҳо қироат гардид. Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён шароти мусоид ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ