​Семинари илмӣ-назариявӣ

Бо ташаббуси кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид. Семинар дар доираи “Ҳафтаи илм” дар донишгоҳ баргузор шуда, ба мавзӯи «Системаи ғайриклассикии чорченака бо коэффисиентҳои тағйирёбанда» бахшида шуд.

Дар кори семинар системаи ғайриклассикии чорченакаи моделӣ ва бо коэффисиентҳои тағйирёбанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба ҳалли онҳо дар нимфазои мусбӣ ва соҳаи маҳдуд маълумоти муфассал дода шуд. Муаррифии мавзуъ тариқи тахтаи электронӣ нишон дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ