Донишпажӯҳ ва омӯзгори навгаро
Дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Донишпажӯҳ ва омӯзгори навгаро” бахшида ба 80-солагии дорандаи ордени Шараф (дараҷаи 2), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев доир гашт.
Дар конфронс Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Нигора Наимҷонзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан, Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, аҳли сухан, пайвандону шогирдони соҳибҷашн ҳузур доштанд.
Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, суханро ба мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ вогузошт. Номбурда, аз номи роҳбарияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мавсуфро бо солгард шодбош намуд. Ҳамчунин, муовини раиси шаҳри Истаравшан, Нигора Наимҷонзода номаи табрикии роҳбарияти шаҳри Истаравшанро ба соҳибҷашн расонид.
Сипас, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, таъкид намуд, ки шуғл варзидан ба касби омӯзгорӣ кори басо заҳматталаб буда, аз шахс сабру қаноат, таҳаммул, заҳматкашиву заҳматписандиро тақозо дорад. Саидмурод Ҳоҷиев аз зумораи он устодонест, ки хидматҳояшон дар такомули ҳаёти маънавиву камолоти ҳазорон-ҳазор шогирдон бориз мебошад. Дар идома, Ҷамшед Ҷӯразода доир ба ҳаёту фаъолият ва осори илмии мавсуф ҳарф зада, гуфт, ки Саидмурод Ҳоҷиев дар тӯли фаъолияти пурдомана бо усули роҳбариву роҳнамоӣ, муносибату муошират дар байни ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳибэҳтиром гардидааст.
Пас аз он, Шоираи халқи Тоҷикистон Фарзона, мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, Абдуҷамол Ҳасанзода, профессор Абдусаттор Абдуқодиров ва пайвандон баромад намуда, доир ба самтҳои фаъолият, фазилату атвори Саидмурод Ҳоҷиев ҳарф заданд.
Дар интиҳо, ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода муҳаққиқ, равишшинос ва ровии тавонову пуркори тоҷик, дотсент Саидмурод Ҳоҷиевробо ҷашни камолоти ҳаштодумин баҳори умр табрик гуфта, туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳро тақдим кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил