Кафили солимии ҷомеа

Дар доираи рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус мулоқот баргузор гардид.

Дар доираи ин ташаббус ҚарориҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017таҳти №89оид ба «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» шарҳ дода шуд.

Табиби оилавӣ Дадобоев Мансурбой сабабҳои гирифторшавӣ ва пешгирӣ аз вируси норасоии масъунияти одамро барои донишҷӯён фаҳмонд. Ҳамзамон, перомуни мавзўи “Мубориза алайҳи СПИД – омили босуботи солимгардонии ҷомеа” маърӯза шунида шуда, дар бораи ВНМО ролики видеоӣ нишон дода шуд. .

Шоистаи таъкид аст, ки мулоқоти мазкур беш аз 80 нафар донишҷӯёнро фаро гирифта, ҳадаф аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ