​Паём – ҳуҷҷати созанда

Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати созанда буда, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳнамои муҳим маҳсуб меёбад. Ин нукта зимни чорабинӣ, ки бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ дар факултети таърих ва ҳуқуқ баргузор гардид, зикр шуд.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби устодони кафедра Аҳрорҷон Убайдуллоев, Раҳимабону Мавлонова ва Саидмурод Қаюмов перомуни аҳамияти Паём маърӯзаҳо ироа гардид.

Ҳамзамон, донишҷӯён перомуни самтҳои муҳими Паём андешаҳои худро иброз намуда, байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ