​Донишҷӯён Ҷоми бонки Эсхатаро соҳиб гаштанд

Дастаи донишҷӯёни факултети молия ва иқтисодиёти бозори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар озмуни бонки Эсхата ширкат варзида, ҷойи аввалро сазовор гардиданд.

Бояд гуфт, ки озмун бахшида ба 25-солагии таъсисёбии бонки Эсхата таҳти унвони "Нақши пул барои расидан ба ҳадафҳои ман" ва "Дӯкони шарбатҳои мевагӣ" ташкил ва гузаронида шуд.

Дастаи донишҷӯёни факултети молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳ дар озмун бо маҳорати баланд иштирок карда, сазовори ҷойи аввал, соҳиби Ҷоми бонк, сипоснома, сертификат ва туҳфахои хотиравӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ