Ихтироъ: Қуттии худкор барои ниқобҳои истифодашуда

Дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” қуттии худкоре ихтироъ гардид, ки барои партофтани ниқоб ва дастпӯшакҳои истифодашуда пешбинӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки қуттии мазкур дар доираи маҳфили инноватсионии факултети телекомунникатсия ва технологияҳои иттилоотии донишгоҳ ихтироъ гардид.

Бино ба иттилои декани факултет дотсент Узоқова Гулнора ихтироъи қуттии худкор дар идомаи тадбирҳои судманд ҷиҳати мубориза бо пандемияи Covid-19 амалӣ гардид.

Қуттии худкор барои партофтани ниқоб ва дастпӯшакҳои истифодашуда аз ҷониби донишҷӯёни курси сеюми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии донишгоҳ - Парвиз Азимов ва Ҳамзулло Ҷӯраев таҳти роҳбарии устоди факултет Беҳзод Раҳмонов ихтироъ шудааст.

Гуфта мешавад, ки баробари наздик шудан ба қутти худкор даричаи таҷҳизот ба таври худкор боз шуда, бе таъсиррасонии ҷисмонӣ махкам мегардад.Конструксияи қисми кушодашаванда чунин таҳия шудааст, ки партовҳои партофташуда, ҳатто дар ҳолати кушодашавӣ аз назари истифодабаранда дур аст ва дар халтаи махсус ҷамъ карда мешавад. Истифодаи платаи Arduino ва шилдҳои он имконият медиҳад, ки фосилаи наздикшавии инсон ва вақти кушодашавии таҷҳизот пурра идора карда шавад.

Хотиррасон менамоем, ки дар партави дастуру супоришоти ректори донишгоҳ бо мақсади пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ қаблан таҷҳизоти Санитайзер+ ихтироъ шуда буд, ки ҳамакнун дар тамоми факултет ва биноҳои таълимии донишгоҳ мавриди истифода қарор дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ