Ҳафтаи умумиҷаҳонии пул
Ҳамасола, ҳафтаи ҷорӣ дар мамолики дунё ҳамчун Ҳафтаи умумиҷаҳонии пул таҷлил карда мешавад.
Дар ин замина дар факултети физкаю техникаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» вохӯрӣ бо намояндагони бонки ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ташкил ва баргузор гашт.
Вохӯриро декани факултет, дотсент Муъмин Шамсиддинов оғоз бахшида, риштаи суханро ба намояндаи бонки мазкур – тренер Шаҳнозахон Пӯлотова вогузошт. Номбурда, дар мавзӯи «Чӣ тавр сарфа кардани маблағ ва дарёфти даромадҳои иловагӣ» маърӯза намуда, устодону донишҷӯёнро бо самтҳои мухталифи фаъолияти бонкӣ шинос намуд.
Баъдан байни устодону донишҷӯён ва кормандони бонки мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қайд гардид, ки мақсади баргузории чорабинӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани донишҳои иқтисодии донишҷӯён ва истифодаи самаранок аз хизматрасониҳои бонкӣ мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил