​Бемор машав, модар...

Чунин унвон дошт чорабинии адабӣ – фарҳангӣ, ки бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар факултетҳои забонҳои шарқ, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус баргузор гардид.

Ташаббуси мазкур ҷиҳати гиромидошти хидматҳои Зан-Модар ва дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Модарон ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби донишҷӯён оид ба махсусиятҳои ашъори Фарзона, аз ҷумла дар мавзўи «Мақоми истилоҳот дар ашъори Фарзона маърӯзаҳои илмӣ ироа шуд.

Дар идома аз эҷодиёти Устод Фарзона ғазалҳои тоза қироат шуда, дар иҷрои донишҷӯён суруди “Бемор машав, модар” шунида шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бонувону духтарони донишгоҳро ба муносибати ин санаи ҳумоюн табрик гуфта, оид ба нақшу хидматҳои модар ҳарф зад.

Ҳамзамон, Паёми табрикотии ректори донишгоҳ ба муносибати рӯзи модар ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ