​Дарси кушод: Нигоҳе ба байт, дубайтӣ ва рубоиҳои халқӣ

Имрӯз 10-уми март, дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик аз фанни “Фолклор ва адабиёти атфол” ба гурӯҳҳои 103-104-и ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик” дарси кушод баргузор гардид.

Онро номзади илмҳои филологӣ, сармуаллима Умеда Шарифова дар мавзӯи “Байт, дубайтӣ ва рубоиҳои халқӣ” ташкил намуд, ки донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Пас аз он дар кафедраи адабиёти муосири тоҷик таҳлили дарси кушод бо иштироки садорати кафедра ва устодон ҷараён гирифт. Дар он устодон доир ба фаъолияти педагогии номзади илмҳои филологӣ, сармуаллима Умеда Шарифова ва раванди машғулияти таълимӣ фикру андешаҳо баён шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ