Конференсияи илмии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Посдори ҳушёри забони модарӣ»

Рӯзи 21 феврал аз тарафи ЮНЕСКО ба унвони Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ номгузорӣ шудааст. Номгузории ин рӯз дар конфронси умумии ЮНЕСКО дар соли 1999 ба манзури кӯмак ба танвъ забонӣ ва фарҳангӣ анҷом шудааст. Маҷмӯаи умумии созмони миллали муттаҳид низ ба далели аҳамияти зиёди он, соли 2005-ро Соли Ҷаҳони Забонҳо зълом кард. Аз ин лиҳоз, ҳамасола санаи 21-уми феврал дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил мегардад

Санаи 21-уми феврали соли 2019 дар толори раёсати донишгоҳ конференсияи илмии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Посдори ҳушёри забони модарӣ» бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии забони модарӣ баргузор гардид.

Дар оғози конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров баромад намуда, зикр намуданд, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлат ба шумор меравад ва пос доштани он вазифаи ҳар як соҳиби забон аст. Мо, тоҷикон, бояд фахр намоем, ки забони мо яке забонҳои қадимтарин ва аз ҷиҳати таркиби луғавӣ бой дар байни забонҳои олам ба шумор меравад.

Сипас, маърўзаҳои профессорони кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ваҳҳобов Т. дар мавзўи «Вазъи забонӣ» ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Шокиров Т. таҳти унвони «Сводиён ва забони онҳо» манзури иштироккунандагон гардид. Онҳо дар маърўзаҳои хеш доир ба таъсири тағйироти ҷамъият ба забон ва нақши забонҳои аз байн рафта, шева ва лаҳҷаҳо дар ташаккули забони адабӣ, вазъи кунунии забони тоҷикии адабӣ ибрози андеша намуданд.

Баъдан, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров конференсияро ҳусни анҷом бахшиданд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти ЮНЕСКО ҳоло дар ҷаҳон 6 ҳазору 500 забони зинда вуҷуд дорад. Донишмандон муайян кардаанд, ки ба 6 ҳазор забон чанд нафар гуфтугӯ мекунанд. Вале барои 500 забони дигар, ки ба ҳар як аз он чанд нафар ҳоло гуфтугӯ мекунанд, таъйин нашудааст. Дар ҷаҳон 10 забони аслиро ҷудо кардаанд, ки ба ҳар яки он бештар аз 109 миллион нафар таккаллум мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ