Офтоби нурбори тоҷикон
Тоҷикону Тоҷикистониён аз зумраи он миллатҳое мебошанд, ки хоки Ватану марзу буми хешро дӯст медоранд ва барои ҳастиву ҷовидон мондани он ҷоннисориҳо мекунанд.
Агар офтобро ҷиддан назар афканем, он бо нурҳояш ҳафт коинотро гармиву рӯшноӣ мебахшад. Тамоми мавҷудоти рӯи оламбо ҳастии офтоб умр ба сар мебарад. Лек бар ивази нурҳои ҳаётбахшаш, чизе талаб намекунад. Ба таъбири шоири ширинкалом Фарзона, ки чунин менигорад:
Шамс ба ҳаққи хизматаш пайса нагирад аз замин,
Хайру сахо нисор кун, лек маҷӯ маҷӯ савоб.
Пешвои миллат барои мардуми тоҷик шабеҳи офтобе мебошад, ки аз баландиҳо ба сарзамини тоҷик нурафшонӣ мекунад. Ва бар ҳаққи некиҳояш ба ҷуз сулҳу ободӣ чизе талаб намекунад.
Мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузорӣ сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти худро ба даст овард. Аслан он коре, ки бо машаққат ба даст меояд басо гарону муътабар аст. Ба мардуми тоҷик низ Истиқлолият басо гарон буда, он рамзи саодати миллӣ ва тинҷиву оромии ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Зеро чуноне, ки дар Паёми навбатӣ Асосгузорӣ сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Дар ин дунёи пурталотуми муосир танҳо миллате соҳиби ному манзалат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили худро дошта бошаду онро ҳифзу ҳимоя карда тавонад”. Мардуми тоҷик аз зумраи онҳое мебошад, ки баҳри ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ва тинҷиву оромии миллату бурдаи нони ҳалол чӣ қадар мушкилиҳоро паси сар кардаат. Ва имрӯз бошад дар фазои ободу осоишта умр ба сар мебараду шукронаи сарзамини биҳиштосо мекунад, ки ин ҳама бо ибтикори Пешвои муаззами мо мебошад.
Мегӯянд, ки ободонии манзилу макон, дар маҷмӯъ, тамоми кишвар ҳам, пеш аз ҳама, вобаста ба сабзиши худи маҳал ва одамони он аст, ки муваффақияти калону хурди иқтисодии он бо худ ба ин диёр хонаи нав, боғи нав ва даҳҳо сохтмони нави замонавии дигар меорад. Ба туфайли раванди созандагӣ ва ободонӣ, ташаббусҳои нав ба нав, ки ҳама бар манфиати ҷомеа ва шаҳрвандонанд, рӯзгори ҳар сокини кишвари азизи тоҷикон рӯз аз рӯз зеботар, фаровонтар, ободтару сурурбахштар шуда истодааст. Ва мо мардуми тоҷик намегузорем, ки ин Истиқлолияту осоиштагии моро душманони миллат халалдор кунанд ва хоре ба пои мо халанд. Мо бо Пешвои муаззами худ муттаҳид ҳастем ва шикастнопазирем.
Биоишаи Назар