Ҳадафҳои нопок амали намешаванд!

Ҳизбу ҳаракатҳои дороли хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини Ислом меҳисобанд. Бо талошу кӯшишҳои мақомоту вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниятҳои номатлуби Ҳизби Назҳати Исломи фош гардонида шуд. Хушбахтона имрӯз мардуми кишавари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин онҳо назари худро доранд.

Махсусан дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро таъкид карданд, ки: “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта, фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд. Ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.Мо набояд ба суханҳои бардуруѓи хоинони ватан, ки берун аз кишвар истода оромиву суботи кишварро дида наметавонандгўш андозем.Зеро онҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш роҳу усулҳои зиддиинсониро истифода мебурданд. Маҳз барои ҳамин мардум, махсусан ҷавонон, бояд ҳушёр бошанд. Касе ҷонибдори ҳаракати «Давлати исломӣ» аст, ки намунаашро мо дар Ироқу Сурия мебинем. Дубора набояд мардум гумроҳ шавад. Мо бояд истиќлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Маҳз дар шароити имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тайғиру таҳаввулоти босуръати он ҷиҳати вусъат ёфтани низоҳои мазҳабӣ ва арзи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Мақсади асосии ин гуна одамҳо ва гурӯҳҳо ба ҳамагон маълум аст. Онҳо мехоҳанд худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун гурӯҳи озодихоҳи тарафдори ташаккули давлати воқеан демократӣ вонамуд намудан аст. Яке аз чунин гуруҳҳое, ки дар байни 500 созмонҳои террористию экстремистӣ бар зидди давлати худ тухми низоро пошида истодааст. Ин ташкилоти “Паймони милли Тоҷикистон” иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда мебошад.

Бо мақсади пешгири намудан ва ҳимояи шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро аз ин гуруҳҳо андешида истодааст. Махсусан сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти “Паймони милли Тоҷикистон” ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби Назҳати Исломии” ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шуда воридоту паҳни авдиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиётҳо ва варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, ки ин ҳама барои бехатари ва нигоҳ доштани ҷавонон аз доми гуруҳҳои ифроти мебошад.

Имруз дар навбати худ бехатари ҷомеа дар дасти худи шаҳрвандон низ мебошад. Бояд имруз мо бояд маърифатӣ ҳуқуқию, сиёсии худро баланд бардошта бо дастги сарвари азизамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушиш намоем ва пайваста “Ҳушёрию зираки сиёсӣ”—ро аз даст надиҳем ва намегузорем, ки ба кишвари Соҳибистиқлолӣ мо бо чашми баъд нигоҳ кунанд.

Аҳмадзода Рустам

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ