​Озмуни “Килки заррин”: Таблиғгарони беҳтарини китоб тақдиронида шуданд

Озмуни донишгоҳии “Килки заррин” дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст шуда, ғолибон қадр гаштанд.

Китобхонаи илмии донишгоҳ дар номинаи “Таблиғгари беҳтарини китоб”-и Озмуни “Килки заррин” мақоми аввалро касб намуда, бо дипломи дараҷаи I ва шуъбаи табъу нашри раёсати донишгоҳ мақоми баъдиро соҳиб гашта, бо дипломи дараҷаи II сарфароз гардонида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2020 наздики 140 номгӯи асарҳо аз чоп баромаданд. Аз ҷумла, китоби дарсӣ 34, дастурҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ 34, монография 31, таҳияи матн 13, маҷмӯаи мақолаҳо 25 ададро ташкил медиҳанд.

Дар пешравии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нақши китобхонаи илмии донишгоҳ назаррас аст. Дар соли 2020 ба китобхона 735 номгӯ китоб ворид гардид, ки 3 129 ададро ташкил медиҳад. Дар давоми сол 30 чорабинии илмӣ ва 30 намоиши китоб ташкил ва гузаронида шудааст.

Дар китобхона як толори илмӣ ташкил шуда, инвентаризатсияи хазинаи китобҳо ба анҷом расонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ