​Кормандони китобхона аз такмили ихтисос мегузаранд

Ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони Китобхонаи илмии донишгоҳ семинари илмӣ-амалӣ ташкил гардид. Давоми ду рӯз инҷониб ба кормандони китобхона муовини директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Маҳмудов Гадобек ва сардори шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ Фирдавс Аминов дарс мегӯянд.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз иқдоми мазкур тақвияти маҳорати хизматрасонии кормандони китобхона, тавсеаи дониши замонавии онҳо ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии китобхона мебошад.

Дар назар аст, ки семинари илмӣ-амалӣ давоми се рӯз давом кунад.

Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани махзани Китобхонаи илмии донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба устодону донишҷӯён, ҷалби шумораи бештари муштариён силсилаи иқдоми судманд ба роҳ монда шудааст, ки такмили ихтисоси кормандон аз зумраи чунин тадбирҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ