Ток-шоуи ҷавонон "Рӯ ба рӯ": «Ҳаёт филм нест»

Моҳи июни соли равон дар ток-шоуи ҷавонон «Рӯ ба рӯ»-и СМ-1 се барнома дар мавзӯъҳои: «Интизориҳои ҷавонон аз ҳаёти оилавӣ», «Марҳилаи одат намудани навхонадорон ба зиндагии тоза, ё мутобиқшавӣ дар муҳити дигар» ва «Роҳҳои ҳалли низоъ дар оилаҳои ҷавон» сурат гирифт, ки дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Иштирокчиёни барнома аз таҷрибаи зиндагии худ баҳс оростанд. Коршиносони барнома ин мавзӯро аз нуқтаи назари иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқиву равонӣ коршиносӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки мавод дар доираи лоиҳаи «Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва аҳамиятнокии васоити ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии АМВАОМТ ва Томсон Медиа бо дастгирии молиявии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, омода гардидааст.

Барномаи якум дар мавзӯи «Интизориҳои ҷавонон аз ҳаёти оилавӣ»

Линки барнома: https://cm-1.tv/barnomaho/intizori%d2%b3oi-%d2%b7a...

Барномаи дуюм дар мавзӯи «Марҳилаи одат намудани навхонадорон ба зиндагии тоза, ё мутобиқшавӣ дар муҳити дигар»

Линки барнома: https://cm-1.tv/barnomaho/r%d3%af-ba-r%d3%af-82-ma...

Барномаи сеюм дар мавзӯи «Роҳҳои ҳалли низоъ дар оилаҳои ҷавон»

Линки барнома: https://cm-1.tv/barnomaho/r%d3%af-ba-r%d3%af-83-ro...

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ