Факултети педагогӣ: Паём – чароғи раҳнамои фардои миллат
Санаи 13-уми феврали соли 2019 дар факултети педагогӣ вохӯрии устодону донишҷӯён бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд – сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон полковники милиса Саидзода Баҳром Раҷабалӣ, подполковники милиса Мақсудзода Илҳом,лейтинанти калони милиса Нарзуллоев Р., корманди Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Атаева Ҳамрохон, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Шомирзоев Бахтиёр, роҳбари гурӯҳи “Ҷавонони Авангард”-и РВКДҶТ дар вилояти Суғд Сангинов Мирзосодиқ баргузор гардид.
Вохӯриро декани факултет дотсент Рабиев Сатторбердӣ ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон полковники милиса Саидзода Баҳром Раҷабалӣ супорид.
Саидзода Баҳром Раҷабалӣ дар баромади худ оид ба сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят (бахусус дар байни ҷавонон) ибрози ақида намуда, аз хозирин дархост намуд, ки талаботи ду қонуни ҷумҳурӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №762 аз 2 августи соли 2011 “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №274 аз 8 июни соли 2007 “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба пуррагӣ омӯзанду аз рӯи он зиндагиву фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Сипас, корманди Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Атаева Ҳамрохон низ ба сухан баромада, оид ба вазъи пошхӯрии оилаҳо, бахусус оилаҳои ҷавон маълумот дода, аз ҳозирин таклиф ба амал овард, ки ба масъалаи оиладоршавӣ, интихоби ҳамсар ба саросемагиву хатогихо роҳ надиҳанд ва бо оилаҳои тамоман бегона оиладор шаванд, зеро никоҳи хешутаборӣ оқибатҳои вазнин дар пай дорад. Пеш аз барпо намудани оила гирифтани маълумоти олӣ, омӯхтани касбу ҳунарро дар мадди аввал гузоранд.
Мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Шомирзоев Бахтиёр низ дар баромади худ зикр дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба манфиати умум буда, дар роҳи пиёда намудани дастуру супоришоти Пешвои миллат такони хубе мебошад.
Бо боварии том метавонем гӯем, ки ҷавонони имрӯза, дар ҳақикат ба қувваи бузурге мубаддал гаштаанд, зеро дар андеша, рафтору кирдор, донишандӯзиву касбу ҳунаромӯзӣ тамоми шароиту имкониятро доранд. Дар ҷавоб барои чунин ғамхориву меҳрубонӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар кӯшиш ба харҷ дода, дар бозори умумиҷахонии меҳнат рақобатпазир мегарданд ва ояндаи шукуфони Тоҷикистонро таъмину соҳибӣ мекунанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил