Имрӯз маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мешавад
Тибқи иттилои Эҳсони Хушбахт, роҳбари Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинатсияҳои хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадр мешаванд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки аз 7 то 15 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён гирифт, ки дар он 9 донишҷӯ, магистрант ва доктаранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат намуданд.
Бояд гуфт, озмуни мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда шуд.
Ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил