​Ба таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ

Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" қабули донишҷӯёни хориҷиро барои соли таҳсили 2021-2022 тариқи интернет-онлайн эълон менамояд.

Қабули ҳуҷҷатҳои электронии довталабони хориҷӣ ба 89 ихтисос дар гурӯҳҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ тариқи рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шуда, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз 1-уми июл то 31-уми августи соли равон сурат мегирад.

Довталабон номгӯи ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

  • Шиноснома (ба хотири саҳв нашудан ба хатти кириллӣ гардонида шавад )
  • Диплом ё аттестат бо замимааш
  • Расм 3/4 8 дона
  • Маълумотномаи теббӣ №038 ё №86
  • Маълумотномаи ВНМО/БПНМ
  • Баробарарзишии шаҳодатнома (Настрефикатсияи диплом) ва ё аттестат
  • Интихоби ихтисос

Суроғаи электронии комиссияи қабул:

http://isu2.ksu.tj/index.php/qabul/online

Email: rector@hgu.tj;

Телефон барои тамос:

+992 92-644-31-60

+992 91-700-40-00

+992 92-890-11-17

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ