​Кофронси илмӣ: “Бишнав аз най”

Дар толори факултети филологияи тоҷик бахшида ба бузаргдошти Мавлоно Балхӣ конфронси илмӣ таҳти унвони “Бишнав аз най” доир гардид. Мудири кафедраи адабиёти класикии тоҷик дотсент Ӯрунова Мавҷуда зимни суханронӣ аз аҳамияти конфронс таъкид дошт.

Дар доираи конфронс перомуни мавзӯи “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва ҷаҳони имрӯз” аз ҷониби дотсент Ҳоҷиев Абдуфаттоҳ ва доир ба “Аҳамияти адабии осори мансури Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” аз тарафи дотсент Азизов Сорбон маърӯзаҳои илмӣ ироа гардид.

Ҳамзамон, роҷеъ ба аҳамияти омӯзиши осори Мавлоно Балхӣ аз ҷониби донишҷӯён гузориши илмӣ шунида шуда, ғазалҳои шӯрангези Мавлоно низ қироат гардиданд.

Декани факултети филологияи тоҷик дотсент Тиллохоҷаева Муҳаббат таъкид кард, ки шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо - тоҷикон ва тамоми башарият аст.

“Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд. Осори ҷовидонаи ӯ имрӯз ба даҳҳо забони гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонотарини аҳли олам қарор гирифтааст”- таъкид дошт декани факултет.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки осори Мавлоно Балхиро ҳифз намуда, дар зиндагӣ ҳамчун роҳнамо истифода баранд.

Ҳамчунин, аз тарафи садорати факултет ба 7 нафар ғолибони озмуни давраи вилоятии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ