​Мулоқот: баррасии масоили умдаи ҷомеа

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бо иштироки ходимони дин мулоқот доир шуд. Дар вохурӣ муовини ректор оид ба тарбия профессор Усмонов Аюб, ходими дин Усмонов Муҳаммадҷон, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дотсент Ҷӯраева Сарвиноз иштирок намуданд.

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва роҳҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз донишҷӯён даъват шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати решакан намудани зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ