​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

Дар Донишгоҳи давалтии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамасола аз рӯйи ихтисоси кори тиббии биологӣ донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисоси мазкур таҳти рамзи 1 80 02 01 сабт шудааст.

Шакли таҳсил рӯзона, намуди таҳсил ройгон ва шартномавист. Муҳлати таҳсил 5 сол ва зинаи таҳсилот мутахассис аст. Баъди хатми ин ихтисос биолог-ташхисгар шуда фаъолият бурда метавонаед.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ