ШИСТ: нашри раҳнамо оид ба тартиби санҷиш ва баҳогузорӣ

Бо иқдоми шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот раҳнамо оид ба тартиби санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониш, малака ва салоҳияти донишҷӯ (бо тағйиру иловаҳо) интишор гардид. Ҳадаф аз интишори роҳнамои мазкур баланд бардоштани сифати таҳсилот, муайян намудани тартиби санҷиш ва низоми баҳогузорӣ унвон мешавад.

Бино ба маълумоти мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Маҳмадшоев Маҳмадшо, раҳнамо шаклҳои санҷиш ва марҳалаҳои гузаронидани онҳо, низоми баҳогузорӣ, меъёри холи гузариш, баҳои ҷамъбастӣ, миқдори саволҳои имтиҳони шифоҳӣ ва имтиҳони хаттиро фарогир аст.

Гуфта мешавад, ки нашри раҳнамо барои устодони донишгоҳ ба сифати дастури муфид ҷиҳати гузаронидани санҷиш ва имтиҳон хидмат мекунад.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан бо ташаббуси ШИСТ раҳнамо оид ба гузаронидани озмуни тести беҳтарин низ нашр шуда буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ